Ба гузориши хабарии Абно бо истинад ба шабакаи Алҷазира, Нерӯҳои муваққатии Созмони Милали Муттаҳид дар Лубнон (ЮНИФИЛ) аз тирандозӣ ба ин нерӯҳо ҳангоми гаштзанӣ дар ҷануби Лубнон хабар доданд.
Тибқи гузориши ЮНИФИЛ, дар ин ҳодиса ҳеҷ гуна зарар ё талафоте ба нерӯҳои ин созмон ворид нашудааст.
Нерӯҳои муваққатии Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Лубнон дархост карданд, ки ҳарчи зудтар таҳқиқоти заруриро барои шиносоии ҳувияти омилони ин ҳамла ва муҳокима ва масъул гардонидани онҳо оғоз кунад.
Your Comment